Рӯзҳои истироҳати гузашта дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон якчанд ҳодисаҳои садамаи нақлиёт рух доданд, ки бар асари онҳо 5 тан, аз ҷумла 1 кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 23 август дар роҳи мошингарди Деваштич - Истаравшан, дар қаламрави ҷамоати деҳоти Яхтан ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Азизбек Тоҷиеви 26-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба автомашинаи “Опел-Астра” зери идораи Ҷаҳонбег Ботурови 37-сола бармехӯрад.
Дар натиҷа мусофирони “Опел” Шоира Мирғиёсоваи 45-сола, Тӯтинисо Абдуллоеваи 79-сола ва Мавлуда Холиқбердиеваи 33-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасанд. Ронандагони автомашинаҳо низ дар бемористон бистарианд.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел», сокини шаҳри Душанбе Мирзомуддин Мудинови 17-сола ҳангоми идораи мошин дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт бе ҳуҷҷати ронандагӣ назоратро аз даст дода, пиёдагарди ноболиғ, сокини ноҳияи Муъминобод Гулноза Хоҷаеваи 16-соларо, ки дар дасташ кӯдаки 1-сола дошт, зер кардааст.
Мутаассифона, кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва духтари ноболиғ дар беморхона бистарӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман” Қосимҷон Ниёзов, сокини 38-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар роҳи мошингарди Ховалинг - Балҷувон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа автомашина ба ҷарӣ чаппа мешавад.
“Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур Алишер Мақсудови 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад ва ронанда Қ.Ниёзов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи ҳолату сабабҳои рух додани ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқу тафтишот қарор гирифтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.