Ҳукумати вилояти Суғд 156 хонаводае, ки ҳангоми селфароиву боло рафтани сатҳи оби дарё ба хонаҳояшон хатар таҳдид мекард ҳамчун муҳоҷирони экологӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонид. Мақомот мегӯяд, ин кор ба онҳо давоми чаҳор соли ахир даст дод ва танҳо соли ҷорӣ тавонистаанд 41 хонаводаи муҳоҷирони эклоголиро ба ҷойҳои осоишта кӯчонанд.
Дар шимолии Тоҷикистон 293 минтақаи хавфнок аз офатҳои табиӣ мавҷуд аст. Як манбаъ аз Раёсати ҳолатҳои фавқулода дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар ин ҷойҳо 5771 хонавор ва беш аз 32 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Ба онҳо асосан омадани сел, ярчфароӣ, резиши санг аз баландкӯҳҳо ва боло рафтани сатҳи оби дарёҳо таҳдид мекардааст.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд яке аз ниҳодҳои масъули кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба маконҳои бехавф аст. Ҳусейн Зоидов, мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии ин ниҳод дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” мегӯяд, онҳо дар асоси барнома “Дар бораи муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020” тавонистаанд 156 оиларо ба ҷойҳои амн кӯчонанд. Феълан ӯ мегӯяд, 70 дарсад аз ин шумора алакай дар ҷойҳои осоишта ба сар мебаранд ва 30 дарсадӣ боқимонда дар макони бехавф таҳкурсии хонаи худро гузоштаанд ва давра ба давра кӯчонида мешаванд.
Хавфи бештар дар куҷост?
Ҳусейн Зоидов мегӯяд, барномаи кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ на ҳамаи шаҳру навоҳиро дар бар мегирад, балки танҳо аҳолие, ки асосан дар минтақаҳои хавфноки дараҷаи аввал зиндагӣ мекунанд фарогир аст. Мисол деҳаҳои Кули Хоҷа ва Муломир, Пунук ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, деҳаҳои Ёрӣ, Зиддӣ, Рӯзи Обнок, Ғезани Боло, Амондараи шаҳри Панҷакент, деҳҳои Мейтк, Хишекат ва Бобучаки ноҳияи Деваштич,маҳаллаи Сомониён, ҷамоати Хонаабод, кӯчаи Турғунови шаҳри Исфара ва кӯчаҳои Мичурин ва Кироваи шаҳри Хуҷанд шомили барнома ҳастанд, ки давоми соли ҷорӣ 41 нафар аз бошандагони ин маҳалҳо ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шудаанд.
Қурбоналӣ Муродов, сокини ҷамоати Амондараи Панҷакент, ки соли 2017 дар пайи фаромадани сел хонааш зери лойу гил монда буд дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” мегӯяд, ҳоло ӯ ба ҷойи бехавф кӯч бастааст ва ҳамакнун аз тарси селфароӣ наҷот ёфт.
Аммо Ҷумъабой Қудратов як сокини деҳаи Рашнаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷакент аз он нигарон аст, ки талошҳояш барои кӯч бастан ба ҷойи бехавф тӯли 9 соли ахир бенатиҷа мемонад. Ӯ мегӯяд, маъюби гурӯҳи якум аст ва дар масоҳати 4 садяк замин бо чаҳор бародар дар як манзил ба сар мебаранд. Нигаронии ӯ дар он аст, ки манзилаш наздик ба сойи деҳа аст ва замони селфароиву боришоти зиёд мушкилаш бисёр мешавад.
“Манзилам байни ду сойи деҳа ҷойгир аст. Дар натиҷаи борони зиёд ҳамасола аз ин ду сой сел меояд ва майдони хонаамро хароб менамояд. Чанд сол пештар низ болои хонаам аз кӯҳ санги тахмин 100 килоӣ афтода хисорот расонид. Мехоҳам ба дигар ҷойи бехавф кӯч бандам. Аз соли 2011 ба ҳукумати шаҳр ва ниҳодҳои дахлдор барои ҷудо кардани қитъаи замин аз ҷойи бехавф муроҷиат мекунам, лекин ба ҷузъ ваъдаи “мо ин мушкилро ҳал менамоем” дигар натиҷаро намебинам”,-мегӯяд ӯ
Ҳукумат чӣ имтиёз додааст
Бино ба гуфти мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ба нафароне, ки аз макони хавфнок ба макони бехавф кӯч мебанданд ҳукумат 3 ҳазор сомонӣ дар асоси барнома қарзи боимтиёз медиҳад. Ин қарз ба гуфти Ҳусейн Зоидов барои анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, дар муддати шаш сол 50 дарсадӣ онро бояд ба буҷаи давлат баргардонанд. 50 дарсади боқимонда аз ҳисоби буҷа баргардонида мешудааст. Ғайр аз ин дар хонаводае, ки 6 нафар ба сар мебаранд сардори оила 100 сомонӣ ва боқимонда аъзои оила 50 сомонӣ аз кӯмаки яквақта бархӯрдоранд мегӯяд.
Бино ба таъкиди Ҳусейн Зоидов соли ҷорӣ барои бунёди манзили нав дар ҷойҳои бехавф аз буҷа 123 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо шудааст. Ба ҷузъ он ба хонаводаҳои муҳоҷирони экологӣ 10 ҳазору 450 сомонӣ кӯмаки бебозгашт дода шудааст.
Бино ба маълумоти Раёсати Кумаитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 481 ҳодисаи фавқулодаи гуногун ба қайд гирифта шуд, ки дар пайи он 106 нафар ҷон бохтанд. Аз ин шумора 7 ҳодисаи хусусияти табиӣ, ки асосан селфароӣ мебошад сар зада, боис ба кушта шудани 3 нафар шудааст. Зарари молии ин офатҳои табииро масъулин 42 миллиону 766 ҳазору 607 сомонӣ ҳисоб кардаанд, ки ҳоло низ шумори зиёди одамон дар мавзеъҳои хатарнок ба сар мебурдаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста