Вазорати корҳои дохилӣ бо гузашти бештар аз ду ҳафта навори иқрории гумонбар дар ҳодисаи куштани ронандаи таксӣ дар Душанберо нашр кард. Ин гумонбар як ронандаи таксиро бо 42 зарбаи корд ба ҳалокат расонида буд.
Дар ин гузориши видеоӣ иттилоъ дода мешавад, кигумонбари ҳодисаи куштор Саймумин Муҳиддинови 21-сола аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба Душанбе омада, чанд рӯз ба айшу ишрат машғул шудааст. Ва санаи 15-уми феврали соли равон барои ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуроварӣ автомашинаи (таксӣ)-и Эраҷи Эмомалиро нигоҳ медорад.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки «гумонбар бо корди қаблан муссалаҳ гаштааш ба ронанда ҳамла намуда, аз ӯ талаби маблағи пулӣ намудааст. Сипас баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои бадани маҳрум 42 маротиба зарба зада, бо бераҳмии махсус ба ҳалокат мерасонад. Баъдан аз ҷайбимаҳрум 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва дигар ҳуҷчатҳои номубрдаро тассаруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад».
Худи гумонбар Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурсӣ мегӯяд, ки «гуфтам, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.
Бояд гуфт, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 15-уми феврал дар кӯчаи Деҳотии пойтахт рух дода буд.
Айни замон нисбат ба Сайдмуминов дар додситонии шаҳри Душанбе бар асоси моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста