Асари барҷойгузоштаи даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон шояд барои ҳамеша ҷуброннопазир бошад. Занону кӯдакони ҷамоати Овчи-Қалъача, ки рӯзи 29-уми апрел замони даргириҳои хунини неруҳои қирғиз ба ҷойи амн кӯч баста буданд ба хонаҳояшон баргаштаанд. Аммо бархе хонаҳо барои ҳамеша доғдор боқӣ мондаанд.
Аз ҷумла хонаводаи Умедҷон Юсупови 31-сола, ки аз се тири марзбонони Қирғизистон дар нахустин лаҳзаҳои даргирӣ кушта шуд ва акунун бо гузашти ин ҳама рӯз хонаводааш дар сӯги ӯ нишастаанд.
Рӯзи 6-уми май, вақте мо аз хонаводаи Умедҷон Юсупов дидан мекардем, авзои ин хонавода щама мотамӣ буд.
Ӯлмас Юсупов, падари ин ҷавон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт писараш замони авҷи даргирӣ бо қирғизҳо дар роҳи ҳифзи марз аз қафаси сина ва шикамаш чанд тир хӯрд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Умедҷон обмон ва деҳқон дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ буд ва рӯзи даргириҳои хунин падар, модар, зану кӯдаконашро ба ҷойи амн интиқол дод ва худ дар ин даргириҳо қурбон шуд.
Ин ҷавон дар миёни чаҳор фарзанди хонавода аз ҳама бузургтар буд ва чанд соат пештар аз даргириҳои хунин, бино ба гуфти падараш, аз саҳро ба хотири нигоҳубини ду додараш ба деҳа баргашта буд.
“Мо дар саҳро будем, баъди ним соат телефон шуд, ки писаратон Умедҷонро бой додем. Боз як нафар телефон кард, ки ҳозир писаратонро мошини ёрии таъҷилӣ гирифта беморхона рафт. Мо намедонистем, ки ба кадом беморхона. Писарам аз ду ҷояш, аз қафаси сина ва поёнтари шикамаш тир хӯрдааст, касе намегӯяд, ки чӣ хел ҳалок шуд”.
Бишарифа Ҳусейнова, модари Умедҷон мегӯяд, писараш дар хидматри ҳарбиро адо карда буд ва дар даргириҳои солҳои 2014-ву 2019 низ бо мошини худаш захмиҳоро ба беморхона кашонда буд. Аммо даргирии хунини охири моҳи апрел чаҳор фарзанди ӯро аз падар ҷудо кард.
“Ҳар саҳар хабар мегирифт, ҳамон саҳар барвақт омада гуфт, модар биё як соат дар оғӯшатон хоб равам. Ҳар рӯз ба халқ об мерасонам, омада наметавонам гуфт. Фишорам баланд буд дору овард. Ҳамон рӯз чаҳор бор хабар гирифт”.
Хонаводаи ин ҷавони кушта шуда мегӯянд, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва раиси Суғд ба фотиҳахонӣ омада равған орд ва 50 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ доданд. Дӯстону наздикони Умедҷон низ кӯмаки молӣ мерасонанд, вале аз даст додани Умедҷон ҷуброннопазир аст.
Бегоҳии рӯзи 29-уми апрел, баъди даргириҳои хунин дар чанд деҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, нерӯҳои қирғиз ба ҷамоатҳои Овчи-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам ҳамла карданд. Сокинон мегӯянд, соати тахмин 17:00-и он рӯз аз деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон замоне, ки онҳо бехабар буданд якбора ба чанд маҳалли ҳаммарзи Овчи-Қалъача тир холӣ карданд.
Бино ба гуфти сокинон дар рӯзи даргирӣ аз ҷамоати Овчи-Қалъача 12 нафар маҷрӯҳу 1 тан аз сокини осоишта аз тири нерӯҳои қирғиз ба ҳалокат расиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста