Корхонаи коркарди пахта дар ноҳияи Мастчоҳ нимашаби имрӯз, 25-уми ноябр, тақрибан соати 02:30 дақиқа оташ гирифта, ба гуфти манбаъҳои “Азия-Плюс” бо гузашти шаш соат ҳанӯз алангаи сӯхтор хомӯш нашудааст. То ҳанӯз далели сӯхтор маълум нест.
Як манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Азия-Плюс аз ин корхонаи пахта ҶДММ “Музаффар КО” ном бурда гуфт, ки “алангаи оташсӯзӣ хело калон аст”. Манбаъ афзуд, бо расидани хабари фаврӣ ҳудуди 20 нақлиёти оташнишониро ба ҷойи ҳодиса сафарбар карданд.
“Сӯхтор хело доман паҳн кардааст ва аз соати 3:00 субҳи имрӯз то соати 08:30 бо гузашти тахмин шаш соат ҳоло ҳам алангаи оташ хомӯш карда нашудааст. Ҳоло сабаби сӯхтор маълум нест, вале тахмин меравад сӯхтор ҳудуди 400 метри мураббаи корхонаро фаро гирифта ва домони оташсӯзӣ дар ҳоли зиёдшавист. Дар ин корхона ба миқдори хело зиёд маҳсулоти тайёри пахта мавҷуд буд”,
-гуфт манбаъ аз раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Суғд.
Манобеи “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ оташсӯзӣ дар ҶДММ “Музаффар КО”-ро тасдиқ карданд ва гуфтанд ин корхонаи коркарди пахта ба соҳибкор Салим Мирзоев таъаллуқ дошт. Вай афзуд, “аз рӯйи шуниди ман дар ин корхона 1400 тонна нахи пахта истеҳсолу дар захира буд, ки ҳар як нахи пахта тақрибан 3 ҳазор долар арзиш дошт. Ҳоло ҳам сӯхтор хомӯш нашудааст”,-илова кард манбаъ.
Феълан сабаби сӯхтор ва ё хисороти оташсӯзӣ дар ин корхонаи пахтатозакунӣ маълум нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста