Дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ, бо такя ба раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе навиштааст, ки “бар асари боронҳои шадид ва резиши жола об ба як қатор ҳавливу роҳрав ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Фирдавсӣ ворид шудааст”.
Ин ниҳод, аз ҷумла, аз кўчаҳои Крупская – 2, Фирдавсӣ (бинои 61) Сомон (хонаҳои № 370, 371 ва 369) ном бурдааст, ки оби борон ба таҳхонаи сокинон ворид шуда, зарар расондааст.
КҲФ гуфтааст, ки бо даъвати сокинон ҳолатҳои фавқулодаи баамаломада, пурра бартараф гардидандаст.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки дар натиҷаи бориши зиёди борон сатҳи оби канали Чоряккорон ва ҷӯйборҳои шафати роҳ баланд гардида, оби онҳо ба роҳҳои автомобилгард ва зери Эстокада (маҳаллаи 82) ворид гардида, ба ҳаракати мошинҳо монеъ шудаанд.
КҲФ аз ҷумла, аз баланд шудани сатҳи оби канали Чоряккорон ва ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард дар кўчаи Н.Махсум ёдовар гардидааст, ки дар натиҷа, “об аз канал берун шуда, дар рўбарўӣ Мактаби байналмилалии президентӣ (канори кўчаи Калелин) ба роҳи автомобилгард ҷорӣ шуда, инчунин, дар кўчаи Н.Махсум ҷуйборҳои бетонии шафати роҳҳои автомобилгард лабрез шуда, обҳои онҳо ба зери Эстокадаи маҳалли 82 ворид гардида, ба равуои мошинҳо монеъ шуд”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳолатҳои баамаломада аз ҷониби Раёсати истифодабарии роҳҳои ҳукумати ноҳияи Сино бартараф карда шуданд.
- Ҳамзамон дар пайи аз об лабрез шудани ҷӯйборҳо дар кӯчаҳои Турсунзода, Шоҳтемур, Назаров, Карамов, Меҳнат, хиёбони Рӯдакӣ, Шевченко ва Раҳимов хабар расид, ки паёмадҳои он бартараф карда шуд, - менависад ин ниҳод.
КҲФ мегӯяд, дар боронҳои шадид ва селҳои парешону жола талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Хисороти боришоти ду рӯзи охир дар Душанбе дар ҳолест, ки дар вилояти Суғд низ бар пайи боришоти бошиддати борони рӯзи якшанбеи 22-уми май даҳҳо километр роҳҳо вайрон шудааст. Инчунин дар ин рӯз дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон барф борида, ба боғу киштзорҳо зарар расонидааст. Мақомот мегӯяд, ҳоло коммиссияи вижаи бартарафcозии офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро ҳисоб карда истодаанд.




Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста