Бар пайи боришоти бошиддати борони рӯзи якшанбеи 22-уми май даҳҳо километр роҳҳо дар вилояти Суғд вайрон шудааст. Инчунин дар ин рӯз дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон барф борид ва мақомот мегӯяд, ҳоло коммиссияи вижаи бартарафcозии офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро ҳисоб карда истодаанд.
Ба иттилои Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, боришоти борону барфи рӯзҳои истироҳат талафоти ҷонӣ надорад, аммо даҳҳо километр роҳҳо вайрон шудааст.
Диловар Ҳамдамов, сухангӯйи ин Раёсат ба “Азия-Плюс” гуфт, рӯзи 22-уми май дар натиҷаи бориши бошиддати борон якбора аз қаторкӯҳи Мевағул селоба фаромада, роҳи кӯчаҳои маҳаллаҳои навбунёди 3-уми шаҳри Хуҷандро вайрон кард. Ӯ гӯфт, “ҳоло идораи роҳ ва мақомот 800 метр селроҳаи маҳаллаҳои навбунёдро аз регу шағал тоза карда, равиши обро кушода истодаанд”.
“Дар деҳаи Такфони ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ аз 20 минтақаи селфаро ва дар деҳаи Сарводаи Марғззори ҳамин ноҳия аз 15 минтақа селоба фаромада, асосан ба роҳҳо зиён расонидааст. Роҳи автомобилгарди “Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ” низ дар натиҷаи селфароӣ зиён дид ва ҳоло 6 адад техникаҳои муҳандисӣ барои тоза кардани роҳ сафарбар шуда, 5 ҳазор метри мураббаъ тариқи ҳашар аз регу шағал тоза карда шуд ва корҳо идома дорад”.
Манбаъ афзуд, ҳоло хонаҳое, ки дар ноҳияи Айнӣ аз селфароӣ зиён дидаанд, пурра дақиқ нест. Аммо бино ба маълумоти пешакӣ дар натиҷаи селфароӣ ягон хона тахриб нашуда, чорвову дигар амволӣ мардум зиён надидааст.
Аз селфароӣ инчунин қисмати роҳи “Айнӣ-Панҷакент” дар мавзеъҳои деҳаи Мешити ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва роҳҳои деҳаи Артучи ҷамоати Рӯдакӣ, деҳаи Зимтуди ҷамоати Вору зиён дида, гуфта мешавад то ҳол 230 метр роҳҳо аз қуму шағал тоза карда шудааст.
Ба деҳаи Пити ҷамоати Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ сел фаромада, асосан роҳҳоро вайрон кардааст.
Диловар Ҳамдамов мегӯяд, ҳоло дар мавзеъҳои аз сел зиёндидаи шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ комиссияи махсус кор карда истодааст.
Дар натиҷаи фаромадани сел рӯзи якшанбе барои чанд соат ҳаракат тавассути шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” манъ карда шуд. Мақомот мегӯяд, аз километри 103 то 156-и шоҳроҳ селоба фаромада, бо ҷалби 12 адад техникаҳои муҳандисӣ ин қисмати роҳ аз ҷониби IRS, ширкате, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии маблағ дар ин роҳ мебошад, тоза карда шуд. Инчунин дирӯз бар асари бориши барф ва фаромадани кӯҳпора, як муддат ин роҳ, ки пойтахтро ба шимолии Тоҷикистон мепайвандад, баста ва ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт боздошта шуд.
Бар пояи иттилои мақомот, рӯзи 22-уми май ба ҷуз бориши борон, инчунин дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон бориши барф ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, дар айни замон дар ҷойҳои зарардида комиссия кор карда истодааст ва хисороти молӣ ҳисоб нашудааст.
Бино ба иттилои корбарони “Азия-Плюс” ва наворҳои ирсолкардаи сокинон, рӯзҳои истироҳатӣ инчунин дар ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара ва ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашт бар асари боришоти зиёд сел фаромадааст. Аммо Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, селфароӣ дар ин ҷойҳо хисорот надошт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста