Маҷрои селе, ки шоми рӯзи 26 июн пас аз боришоти шадид фаромад, ба деҳаи Ворухи ҷамоати Хушободи шаҳри Исфара зарар расонид.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сел ба 51 хонаи истиқоматии сокинони маҳалла ворид шуда, 10 иншооти ёрирасон зарар дидаву як чорвои калон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҳудуди 3 км роҳи дохили маҳалла корношоям шудааст.
Гуфта мешавад, ки айни замон дар маҳаллаи Хушободи ҷамоат корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ оғоз гардидаанд.
“Барои пурсамар гузаштани кор 3 адад автомашинаи тамғаи МАЗ, 2 адад КАМАЗ ва 2 экскаватор ҷудо карда шудааст”, - омадааст дар хабари Кумита.
Дар Кумита зикр мекунанд, ки ҳеҷ касе аз аҳолии маҳаллӣ аз ин офат осеб надидааст.