Дар ҳудуди Темурдараи ноҳияи Шаҳринав садҳо сар чорво талаф шудаанд. Ҳодиса рӯзи 15-уми июл рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо тасдиқи ин хабар ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ҳодиса аз ҷониби афроди масъул тафтиш гардида, сабаби ҳодиса маълум мегардад.
Онҳо гуфтанд, ҳоло маълумоти дақиқ рӯи даст надоранд, вале тибқи маълумоти тасдиқнашуда ва пешакӣ, рамаи чорво «зери тарма мондаанд ва дар ин бора чӯпон (даҳмардае) хабар додааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин чорвоҳо ба кадом ферма ё нафаре тааллуқ доранд».
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз пойгоҳи «Parviz-TV» навори рамаи гӯсфандони фавтидаро нашр кард ва аз қавли шоҳидон навишт, ки рамаи гӯсфанд ва бузҳо аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудаанд.
- Дар Шаҳринав як тӯда рамаи гӯсфандон аз баландӣ афтода ҳалок шудаанд. Ба гуфти шоҳидон, вақте ки шабона гургон ба гӯсфандон ҳамла мекунанд, гӯсфандон барои халосӣ ёфтан аз чанголи гургон худро аз баланди ба поён мепартоянд, ки дар натиҷа ҳамаашон ҳалок мешаванд, - навиштааст «Parviz-TV».
Дар навор низ дақиқан ҷой ва сабаби ҳалокати рамаи бузурги чорво гуфта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол Радиои «Озодӣ» ба истисно ба сокинони маҳаллӣ ва чӯпонҳо навиштааст, ки ҳодиса бар асари раҳгумзадагӣ рух дода, рама аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудааст.
Тавре манбаъ, хабар медиҳад, чӯпонҳо шумораи рамаро 1000 сар гуфтанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 400 сари он талаф шудаааст.
«Ба қавли онҳо, ҳудуди 40 сар бузу гӯсфандро забҳ карданд ва тақрибан 500 сар чорвои дигарро ба соҳибонашон расонидаанд. Гуфта мешавад, ин чорво ба сокинони дараи Қаратоғ тааллуқ доштааст, - менависад «Озодӣ».
Талафи садҳо сар молу чорвои мардум дар ҳолест, ки дар гузашта низ бар сари омадани сел ва боронгарии зиёд молу чорво талаф мешуданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли равон дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 гӯсфанд бар асари борону селоба талаф шудаанд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста