Имдодгарони Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯи ҷасади як кӯдаки рӯзи якшанбе ғарқшударо меҷӯянд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, нимаи рӯзи 21 август ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расидааст, ки сокини 9-солаи ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳаҳо ғарқ шудааст.

“Хабари марги кӯдак бепарвоии волидон мебошад, ки ӯро танҳо назди канал бе назорат гузоштаанд”, - омадааст дар маълумоти Кумита.

Имдодгарони Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба корҳои ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак оғоз карданд, лекин ба натиҷае нарасида, ҳоло ҳам ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Кумита аз волидон босирор дархост мекунад, ки кӯдаконро назди обанборҳо бе назорат нагузошта, қоидаҳои рафторро дар об қатъиян риоя намоянд ва ба оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда роҳ надиҳанд.

Танҳо тайи 6 моҳи охири соли ҷорӣ дар кӯлу дарё ва наҳру обанборҳои дигари кишвар бар асари риоя накардани қоидаҳои оббозӣ 84 нафар ҳалок шудаанд, ки 15 нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Байни ғарқшудагон 7 нафарашон кӯдакони синни то 4-сола, 16 нафар - синни аз 5 то 10-сола, 24 нафар - ноболиғони синни аз 11 то 16-сола, 27 нафар - синни аз 17 то 35-сола ва 11 нафар - синни аз 35-сола боло мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.