Дар қаламрави Харангони ноҳияи Варзоб ҳангоми парвоз бо параплан сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия Павел Чернови 38-сола аз он афтодааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҷумҳурӣ.
Тавре ки зикр шуд, ин ҳодиса рӯзи 10 сентябр рух додааст. Павел тоҷир буда, бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст. Шуғли асосии ӯ тиҷорати дучархаҳо (мотосиклҳо) будааст.
Ба иттилои манбаъ, соати 11:20 аз корманди пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба навбатдори Кумита хабар расидааст, ки дар кӯҳҳои ин маҳал як шаҳрванди Русия аз параплан ба замин афтодааст.
“Зимни корҳои ҷустуҷӯ маълум шуд, ки ҳангоми парвоз ӯ аз уҳдаи идоракуниии параплан набаромада, ба замин меафтад ва аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар параплан ӯ як худаш танҳо будааст”, - зикр карданд дар Кумита.
Дар ин робита, КҲФ ба ҳамаи дӯстдорони навъҳои истироҳати хавфнок хотиррасон менамояд, ки хеле эҳтиёткор буда, қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамсари марди ҳалокшуда бояд барои интиқоли ҷасади шавҳараш ба ватан ба Тоҷикистон ояд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста