Кормандони милитсия сокини 66-солаи шаҳри Душанбе Гурез Саидовро ба гумони куштори духтари 11-солаи худаш Мадина боздошт намуданд. Ин ҳодиса рӯзи 28 октябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.
Тавре ки дар гузориши телевизионии барномаи “Ахбори ВКД” зикр мешавад, дар ин рӯз боздоштшуда пулеро, ки барои харидани доруву табобат ҷамъ карда буд, намеёбад. Ӯ солҳои охир аз беморӣ азият мекашид.
“Дар дуздии пул ӯ духтари 11-солаи худро гунаҳкор мекунад. Духтар пас аз пурсиш иқрор мешавад, ки пулро гирифта, лекин ба модараш додааст. Модараш дар навбати худ мегӯяд, ки духтараш ба ӯ пул надодааст”, - зикр шуд дар гузориши ВКД.
Гуфта мешавад, мард аз духтараш ҷойи пинҳон кардани пулро фаҳмиданӣ шуда, бераҳмона ба китфу пойҳои ӯ бо тасмаву чӯб зарба мезанад. Тасмаву чӯб баъдан аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, бар асари лату кӯби бераҳмона духтар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Кормандони милитсия изҳор мекунанд, ки ба гумони ғолиб, сари духтар ба девор бархӯрдааст, зеро дар он осору пайи хун набуд.
Нисбати ин мард аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мутобиқи моддаи 104, қисми 2 КҶ ҶТ (Куштори ноболиғ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Дар ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол ё ҳукми қатл ва ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ шудааст.