Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 8 узви як хонадон аз хуриши “икра” заҳролуд шуда, бо гузашти 10 рӯз ду аъзои оила фавтидаанд. Дар ин бора Абдуғаффор Темуров, муовини сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Номбурда гуфт, ки ҳодиса рӯзи 11-уми ноябри соли равон дар оилаи Каримовҳо, сокинони шаҳраки Меҳрободи ноҳия рух дода, ҳамаи онҳо баъди истеъмоли хуриши “икра” (салати хонагӣ) заҳролуд шуданд.
“Худи ҳамон шаб онҳо ба духтури оилавӣ муроҷиат карда, табобати қатрагӣ (капель) гирифтаанд. Аммо баъди ду рӯзи натиҷаи дилхох надодани табобат, ба духтурони беморхонаи марказӣ муроҷиат кардаанд”, - гуфт Абдуғаффор Темуров.
Ӯ афзуд, заҳролудшудагонро тақрибан соати 19:00 рӯзи 13-уми ноябр тавассути мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона оварданд ва ҳолати ду нафари онҳо - модар ва духтар вазнин буд.
“Баъди ташхис маълум шуд, ки Умринисо Каримоваи 58-сола ва духтараш Муҳаррам Каримоваи 31-сола бештар сироят ёфтаанд. Баъди 10 рӯзи муолиҷа, онҳо дирӯз, 24 –уми ноябр, вафот карданд”, - гуфт Абдуғаффор Темуров.

Айни замон, ду аъзои дигари хонадон баъди беҳтар шудани саломатиашон аз беморхона мураххас гардида, як нафар дар шӯъбаи эҳё ва се нафари дигар ба шӯъбаи табобатӣ бистарӣ мебошанд.
Тутинисо Каримова, яке аз ҷабрдидагони ҳодиса, ки дар беморхона бистарӣ аст, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки онҳо "икра"-ро дар шароити хона тобистон тайёр карда буданд ва он зоҳиран хуб буд.
“Баъди хӯрдани “икра” аввали шаб сарам чарх зада, дилам беҷо ва қайкунӣ сар шуд. Ба духтур муроҷиат карда “капел” гирифтам. Аммо ҳолатам торафт вазнин шуд. Баъдан, аҳамият додам, ки на танҳо ман, ҳама аҳли оила ҳолашон вазнин аст. Билохира, рӯзи 13-уми ноябр ба мошини Ёрии таъҷилӣ занг задам”, - нақл кард ҷараёни ҳодисаро Тутинисо Каримов.

Ҳодисаи саҳролудшавӣ аз маҳсулоти дар шароити хонаомодашуда дар Тоҷикистон зиёд ба чашм мерасад. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи истеъмоли консерва 18 узви як хонавода заҳролуд шуда, 4 нафарашон ба ҳалокат расида буданд.
Ҳамчунин, моҳи августи соли равон бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.





“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста