Пас аз 8 рӯзи фавти шашгоник дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд, Нурӣ Дадобоева, сардухтори он, имрӯз, 20-уми январ, ба нафақа фиристода шуд. Ба ҷойи ӯ Мунира Валиева, ки то ин замон ба ҳайси муовин фаъолият дошт, сардухтури нави таваллудхона таъин гардидааст. Дар ин бора худи сардухтури нав ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Бояд гуфт, ки рӯзи 11 январ дар таваллудхонаи вилояти Суғд шашгоник таваллуд шуд, дар оғоз табибон вазъи онҳоро муътадил арзёбӣ карда буданд. Як рӯз пас, 12-уми январ, ҳамаи навзодон фавтиданд.
Наздикони шашгоник сабаби фавти навзодонро хунукназарии кормандони ин таваллудхона гуфтанд. Залиёхон Раҳимова, бибии шашгоники фавтида ба “Азия Плюс” гуфт, ки духтараш пас аз интиқол ба таваллудхона “сари вақт кумаки тиббӣ нагирифтааст”.
“Танҳо баъди 1,5 соати интизорӣ зани ҳомила ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ бистарӣ шуд. Умуман, духтарам то таваллуд 3 соат дар навбат истода, мунтазири кумак буд. Албатта, ин ба саломатии ӯ таъсир расонд”, - гуфта буд ӯ.
Ба гуфтаи Раҳимова, танҳо пас аз сару садои хушдомани духтараш ва талаби кумак аз пизишкон, момодоя ва ҳамшираҳои шафқат ба назди келини ҳомилааш омадаанд.
«Дар беморхона тамоми шароит мухайё аст, вале аз тарафи кормандони тиб муносибати хунукназарона дида мешавад. Дар Тоҷикистон бори аввал шаш кӯдак дар як вақт ба дунё омаданд ва агар табибон ҳама корро аз аввал дуруст анҷом медоданд ва онҳоро назорат мекарданд, шояд наберагонам зинда мемонданд”, - гуфт Залиёхон Раҳимова.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, сабаби марги кӯдакон камвазнӣ ва таваллуди бармаҳал будааст. Онҳо аз 550 то 700 грамм вазн доштанд ва дар ҳафтаи 26-уми ҳомиладорӣ (6 моҳ) таваллуд шудаанд.
Ҳамчунин, вазорати тандурустӣ изҳор дошт, ки барои зинда мондани навзодон тамоми чораҳо андешида шуданд.
Дар баробари ин савол беҷавоб мемонад: агар тамоми чораҳо дида шуда бошанд, пас чаро дар аксу навор навзодон дар инкубаторҳо, тавре ки бояд бошад, набуданд? (аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, - идора.).
Оё додситонӣ сабаби марги кӯдаконро таҳқиқ хоҳад кард?
Дар ҳамин ҳол, аз рӯи далели марги тифлони навзод, зоҳиран, ҳатто санҷиши пешакии тафтишотӣ гузаронида нашудааст.
Пайрав Мириноят, ёрдамчии калони прокурори вилояти Суғд оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот дар як суҳбати телефони ба “Азия-Плюс” гуфт: “Намедонам, ки дар робита ба марги шашгоник дар беморхонаи вилоятӣ ягон шикоят ворид шудааст ё не. Ҳамчунин, намедонам, ки ҳодисаи фавти шашгоник таҳқиқ мешавад ё не”.
Сухангӯи Додситонии куллии кишвар Амон Абдураҳмонов бошад кӯтоҳ гуфт: “Мактуб нависед, ба саволатон ҷавоб медиҳем”.
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
“Abu Dhabi Grand Slam 2024”. Ҷудокорони тоҷик соҳиби се нишон шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста