Боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва яхбандӣ дар шоҳроҳҳо, роҳҳои пиёдагард ва пайраҳаҳои кӯҳиро афзоиш додааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, як рӯз пеш дар ВМКБ як нафар ҳангоми ҳезумчинӣ ба ҳалокат расидааст.
“Шоми 23-юми январ як сокини 36-солаи деҳаи Бидизи Болои ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми ҳезумчинӣ дар кӯҳистон дар пайроҳаи яхбандӣ лағжида, сараш ба ях бархӯрдааст. Вай бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - хабар медиҳад ин ниҳод.
Субҳи рӯзи 23-юми январ низ дар ҳудуди деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, бар асари офати табиӣ се хонаи истиқоматии ин деҳа осеб дидаанд.
“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавҷулода муайян мекунад", - хабар медиҳад КҲФ.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки бо дарназардошти сатҳи баланди фаромадани сел ва резиши сангҳо чораҳои бехатариро риоя намуда, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ, сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
КҲФ инчунин ҳушдор медиҳад, ки роҳҳо низ бар асари ҳодисаҳои табиӣ хатарноканд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста