Бар асари боришоти шадид истгоҳҳои метрои Тошканд зери об мондаанд. Аз ҷумла, аз борони шадид ва жола, ки рӯзи 2 апрел дар шаҳр борид, истгоҳи метрои “Амир Темури Хиёбонӣ”-ро об зер кард ва он ба гузаргоҳи зериобии истгоҳ ворид шуд, хабар медиҳад Kun.uz.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори видеоиро мунташир кардаанд, ки дар он дида мешавад чӣ гуна ҷараёни об аз зинапояҳои гузаргоҳи зеризаминӣ мерезад ва мусофирон бо душворӣ роҳ мераванд.

Дафтари матбуоти метрои Тошканд сабаби инро чунин шарҳ додааст, ки боришоти зиёд дар Тошканд боиси пур шудани ҷӯйборҳо шудааст”.

Гуфта мешавад, “ин вазъ аз ҷониби мақомоти марбута бартараф шуда, барои ҳаракати қатораҳо монеъа эҷод накардааст”.

Дар ҳамин ҳол, дар метрои Тошканд мушаххас нагуфтаанд, ки оё дар ҳар бориши шадиди навбатӣ дар пойтахт аз чунин обхезӣ мебояд интизор шуд ва оё мақомоти марбута ният дорад, ки ин мушкилро ба навъе ҳал кунад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони Ӯзбекистон, аз 2 то 7 апрел дар ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбанда ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Вобаста ба минтақа миқдори боришот гуногун аст. Бар асари боришот рӯзона ҳарорати ҳаво 5-7 дараҷа поин меравад.

Дар ҳамин ҳол, дар Узгидромет огоҳ кардаанд, ки ба ин пешгӯӣ комилан такя кардан лозим нест, зеро моҳҳои баҳор хеле тағйирёбанда аст, бахусус апрел.

“Якбора сардшавии обуҳаво, боришоти шадид, раъду барқу жола аз эҳтимол дур набуда, моҳи апрел дар минтақаҳои баландкӯҳ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад”, - гуфтаанд дар ин ниҳод.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар вилояти Суғди Тоҷикистон низ бар асари боришоти шадид, роҳу заминҳои кишт зери об монданд.

Тавре ки сокинони маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов сел фаромадааст.

Дар бораи боришоти шадиду селфароиҳо дар минтақаи шимоли кишвар ва ба сурати умум, дар саросари ҷумҳурӣ ҳоло маълумоти дақиқ дастрас нест. Дар Кумитаи ҳолатҳи фавқулодаи ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки ин маълумоти каме дертар нашр хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.