Тибқи маълумоти пешакии комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд хисороти заминларзаи 23-уми марти соли равон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ  муайян шудааст. Дар ин бора аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид карданд, ки ин маълумоти пешакӣ буда, метавонад тағйир ёбад.

Маъруф Муҳаммадзода, мудири бахши сохтмони ҳукумати вилояти Суғд ва аъзои гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “ба маблағи беш аз 1 миллиону 63 ҳазор сомонӣ танҳо хонаҳои истиқоматии мардум осеб дидааст”.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар умум 318 хона зарар дидаанд. Аз ҷумла, 4 хона пурра ва 53 хона қисман вайрон шуда, 261 хона зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 18 сар чорвои калон ва 27 сар чорвои майда талаф ёфтааст. Дар баробари ин, 776 метр ҷӯйбор хароб гардидааст.

“4 хонаи пурра харобгардида аз нав сохта мешаванд ва корҳо оғоз ёфтаанд. Барои бозсозии 53 иншооти қисман зарардида аз ҷониби ҳукумати вилояту ноҳия масолеҳи сохтмонӣ дастрас мегардад. Кӯмакҳои озуқаворӣ низ ба мардум расонида мешаванд” - афзуд Маъруф Муҳаммадзода.

Бояд гуфт, ки то ин лаҳа ба зарардидагони заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Конибодом ва Мастҷоҳ низ кӯмак намуданд.

Ҳамчунин, Сафорати Арабистони Саудӣ низ кӯмакҳои аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон тақдимшударо ба сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ расонид.

Хотиррасон мекунем, ки 23-уми марти соли равон, соати 01:07 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 6-7 километр дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5-6, дар ноҳияи Рашт 4-5 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балл арзёбӣ гардид.

Дар натиҷаи ин офати табии асосан сокинони деҳаи Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёна, Роғ, Самҷон ва Худгифи Болои Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.

Тибқи хулосаи комиссия сабаби хароб ва вайрон гаштани манзилҳои истиқоматии шаҳрвадон ин риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо ва истифодабарии тулонии онҳо мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.