Бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави ноҳияи Варзоб 2 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ин ҳодиса 6 апрел рӯзона дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб рух додааст.
«Автомашинаи сабукрави тамғаи «Opel Zafira» зери идораи сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе бо сабабҳои номаълум ба ҷарии 600-метра чаппа шудааст”, - зикр мекунанд дар Кумита.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи садама 2 мусофири мошин аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ронанда ва боз 1 мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳия бурдаанд.
Бо назардошти вазъи обуҳаво, Кумита аз ронандагон дархост мекунад, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, реҷаи суръатро дар роҳҳо, бахусус роҳҳои минтақаи кӯҳистон риоя намоянд.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ хатари фаромадани селҳо боқӣ мемонад.