Дар кӯҳҳои шаҳри Турсунзода ҷасади чӯпони охири моҳи март бедаракшуда дарёфт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири моҳи март дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ сокини маҳаллӣ аз чаронидани чорво барнамегардад. Корҳои ҷустуҷӯ, ки дар он ҳам кормандони шуъба ва ҳам сокинони маҳаллӣ иштирок карданд, натиҷа надодааст.

 “Танҳо рӯзи 9 апрел ҷасади мард дарёфт шуд. Сабаби пешакии марг риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ мебошад”, - хабар медиҳад Кумита.

Кумита бори дигар аз мардум хоҳиш кардааст, ки ба қадри имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 9 апрел имдодгарон аз обанбори пойтахт ҷасади марди калонсолро берун оварданд.

“Субҳи рӯзи 9 апрел ба навбатдории фаврии Кумита хабар расид, ки дар Канали Калони Ҳисор, ки тариқи Душанбе мегузарад, ҷасади марде пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мардро аз канал берун оварданд ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - омадааст дар хабар.

Каме баъдтар маълум шудааст, ки ин мард сокини 82-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.

Сохторҳои марбута айни замон сабабҳои марги марди калонсолро таҳқиқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.