Дар Хоруғ як дучархасавори ноболиғ бар асари бархӯрд бо мошин ба ҳалокат расид, гузориш медиҳад сомонаи ВКД.
Гуфта мешавад, садамаи нақлиётӣ рӯзи 18 апрел, тахминан соати 18:30 дар маҳаллаи Тем рух додааст.
"Ронандаи мошини "Чангу" Абдураҳмон Лутфишоев, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар микрорайони Тем, идораи мошинро аз даст дода, дучархасавор Фрайдун Давлатназарови 9-соларо пахш кардааст", - омадааст дар хабари ВКД.
Кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
“Ҳоло барои муайян кардани ҷузъиёти ҳодиса тафтишот идома дорад”, - гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2022 дар кишвар 196 ҳодисаи садама ба қайд гирифта шудааст. Дар онҳо 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 нафар ҷароҳат бардоштанд.