Прокуратураи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон нисбати ноболиғ ба гумони даст доштан дар куштори шавҳари хоҳараш парвандаи ҷиноятӣ боз кард, хабар медиҳад ВКД ҶТ дар барномаи “Пайки Суғд”.
Ин ҳодиса рӯзи 6 апрел дар ҷамоати ба номи Сайф Раҳимзоди ноҳияи Балҷувон рух додааст. Навраси 17-сола ҷасади хунолуди хоҳарашро дар рӯи фарш дида, бо корд ба шавҳари ӯ ҳамла кардааст. Пеш аз ин шавҳар зани худро бо корд куштааст.
“Абдулфайз Хоҷаев, сокини 39-солаи ноҳияи Восеъ ба хонаи волидони ҳамсараш меояд, то ки бо занаш оштӣ шавад. Ҳамсараш ҷавоби рад дода, онҳо ба ҷанҷолу муноқиша мепардозанд ва мард ба зан бо корд зарба зада, ӯро захмӣ мекунад. Бародари 17-солаи зан ин ҳолатро дида, ба шавҳари хоҳараш бо корд якчанд маротиба зарба мезанад ва сипас мегурезад”, - зикр мешавад дар гузориш.
Тавре ки гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта зану шавҳар дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд.
Нисбат ба наврас мутобиқи моддаи 104, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин модда ба муҳлати аз 8 то 15 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба итттилои ВКД ҶТ, мақомоти милитсия нисбати сокини 17-солаи шаҳри Норак ба гумони бо корд захмӣ кардани ду ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, шаби 21 апрел ӯ бо ҳамсолони худ ба муноқиша пардохта, бо зарбаҳои корд онҳоро захмӣ мекунад. Наврасон дар бемористон бистарӣ шудаанд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста