Субҳи имрӯз, 1-уми май, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи “Старекс” ба садама дучор шуда ва дар натиҷаи он 6 нафар ҳалок ва 3 зану кӯдак маҷрӯҳ гардидаанд. Дар ин бора Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса тақрибан соати 4:00 субҳи имрӯз дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух додааст.
“Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Старекс” ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти ҷарии 200 метра мошинро сарозер кардааст”, - омадааст дар хабар.
Тавре КҲФ менависад, наҷотдиҳандагон бо ёрии техникаи кӯҳӣ ба дара фуромада, ҷасади ронанда ва панҷ мусофирро аз мошин берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҳамин тавр, 3 нафар - 2 кӯдак ва 1 занро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Айнӣ бурданд.
Ному насаби ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон зикр карда намешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло наҷотдиҳандагон паёмадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф кардаанд.
Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин меъёри суръатро риоят кунанд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста