Дар шаҳри Белоретски Бошқирдистон байни сокинони маҳаллӣ ва чанде аз муҳоҷирон муноқиша рух дод, хабар медиҳад портали Ufa онлайн.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша баъди он сар задааст,ки духтарони маҳуллӣ ба волидонашон гуфтаанд, ҷавонон аз Тоҷикистон бо автомашинаашон назди онҳо омада, гаппаронӣ кардаанд. Инро шунда, падари яке аз духтарон назди муҳоҷирон меравад, то ки ин рафтори онҳоро баррасӣ кунад, вале аз он ҷо латукӯбшуда бармегардад. Ин кор хеле зуд дар шаҳр овоза шуда, баъди чанде назди хонаи муҳоҷирон тақрибан 60-70 нафар ҷамъ омадаанд.
Пас аз ин қариб ҳамаи ҳайати шахсии пулиси Белоретск барои посбонии муҳоҷирон сафарбар шудааст. Ҷамъомадагон талаб кардаанд, ки муҳоҷирон аз ин хона хориҷ шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Муҳоҷирони тоҷикро ба шуъбаи пулис мебаранд ва зимни бозпурсӣ онҳо мегӯянд, ки ба ҳеҷ касе гаппаронӣ накардаанд.
Айни замон нисбати ду зодаи Тоҷикистон танҳо бо далели авбошӣ - ҷанҷол бо падари духтар парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.
Дар ВКД Бошқирдистон хабар додаанд, ки санҷиш гузаронида истодаанд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои онҳо, ҳеҷ касе аз сокинони шаҳр ба пулис ариза надодааст.
“Тибқи маълумоти пешакӣ, муноқиша дар заминаи муносибатҳои бадбинона рух дода, дар ҷараёни расидагӣ ба ҳодиса аз ҷониби иштирокчиёни он ба пулис ариза пешниҳод нашуд, - гуфтаанд дар ВКД. - Кормандони пулис инчунин риояи қонунгузории муҳоҷиратро аз ҷониби муҳоҷирон санҷида, қонуншиканиҳо ошкор нашудааст”.
Ин аввалин муноқишаи байни миллатҳо дар Белоретск нест. Соли 2018 ду ҷавон дар майдони Белоретск занозанӣ карда, ҳардуро ба идораи пулис бурданд. Тибқи як фарзия, занозанӣ дар заминаи хусумати байни миллатҳо сурат гирифтааст: гӯё ҷавони тоҷик як сокини маҳаллӣ ва ҳар касеро, ки аз ӯ пуштибонӣ мекард, таҳқир кардааст. Аммо дар ниҳоят як сокини маҳаллии Белоретск, ки ба латукӯби тоҷик муттаҳам мешуд, ба додгоҳ кашида шуд.
Консулгарии генералӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кард
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа рӯзи 4 май хабар дод, ки аз рӯи ин ҳодиса санҷиш оғоз кардааст. Кормандони консулгарӣ аз шарҳи ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзида, гуфтаанд, ки ҳоло маълумотро дақиқ мекунанд.
“Дар ин бора маълумот гирифтем, акнун санҷидаву таҳқиқ мекунем”, - гуфтааст котиби матбуотии консулгарӣ Беҳрӯз Назарзода.
Дар консулгарӣ инчунин изҳор намуданд, ки ҳоло бовар надоранд, ки иштирокчиёни ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ё не.
Роҳбари ноҳияи Белоретски Бошқирдистон Андрей Иванюта низ дар шаҳри ин ҳодиса изҳор доштааст, ки мақомот бо намояндагони диаспораи тоҷикон якчанд вохӯрӣ гузаронида, гунаҳкоронро пайдо мекунанд. Гуфтаҳои ӯро нашрияи “Башинформ” чоп кардааст:
“Ман бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбари диаспораи маҳаллии тоҷикон вомехӯрам. Ба таҳқиқи масъала то охир машғул мешавем, то пайдо кардани ҳамаи саркардагон ва гунаҳкорони он”.