Рӯзҳои 5-6 май дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи марбут ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух доданд, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва боз 1 каси дигар бедарак шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Нима дуюми рӯзи 5-уми май як сокини 80-солаи деҳаи Тенгхон, ҷамоати деҳоти Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми чаронидани чорвои калон баногаҳ аз баландии 50-60 метр минтақаи кӯҳи сарозер шуда, бар асари ҷароҳат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид”, - омадааст дар хабари Кумита.

Ҳодисаи дуюм ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳри Турсунзода рух дода, як сокини 32-солаи деҳаи Шӯрхоки ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо мақсади ҷамъоварии туршак ва дигар рустаниҳо ба водии Ҳакимӣ равон шуд, вале бегоҳ барнагашт.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи шаҳр дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯи мардро идома медиҳанд.

Боз як ҳодисаи нохуши дигар нимаи дуюми ҳамин рӯз рух дода, аз сабаби беназоратӣ аз ҷониби волидон як сокини чорсолаи деҳаи Сайёди ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми гузаштан аз болои қубури болои канали Хоҷа-қалъа сарозер ва ғарқ шуд. Ин ҷо низ ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дорад.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки пештар Кумита ба аҳолӣ дар мавриди хатари чорвочаронӣ дар манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ ҳушдор дода буд. Ҳамчунин аз волидон хоҳиш мекард фарзандони ноболиғи худро танҳо ва беназорат нагузоранд.

“Мутаассифона, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва гӯш надодан ба ҳушдорҳову хоҳишҳо боиси фоҷеа мешаванд”, - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз кулли сокинон хоҳиш мекунад ба тавсияҳо сари вақт мутаваҷҷеҳ шуда, кӯдаконашонро беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.