Рӯзи 24 май аз зарбаи раъду барқ сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ноҳияи Ховалинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Тавре ки аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷавон ҳангоми чаронидани чорво дар кӯҳ ҳалок шудааст.

“Сарфи назар аз он, ки қаблан КҲФ аз ҳавои ноустувор дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳушдор дода, аз ҷумла тавсия дода буд, ки аз чаронидани чорво дар доманакӯҳҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ даст кашанд, мардум гӯш намедиҳанд, ки мутаассифона боиси чунин фоҷеаҳо мегардад”, - гуфтанд дар Кумита.

Дар ин робита Кумита бори дигар боисрор аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт ба мавзеъҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии растаниву алафҳо дар кӯҳистон, чаронидани чорво худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар Кумита инчунин зикр карданд, ки обуҳавои номусоид ва боришот ба фаромадани селу ярч дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боис гардиданд.

Рӯзи 24 май бар асари боришоти шадид ва жола дар деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ноҳияи Ёвон сел омада, бар асари он қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишт зери об монданд.

Инчунин дар кӯчаҳои Одинаев, Каром Мирзоев ва Тағоймурод Хушвахтови ҷамоати шаҳраки Ёвон сел ба қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зарар расонидааст.

Чанде пеш дар деҳаҳои ноҳияи Рашт низ сел омад. Сел 5-8 ва 9 километр роҳи мошингарди Нуробод-Сангворро баст.

Гуфта мешавад, обхезӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишти сокинони маҳаллӣ низ осеб расонидааст.

1/2

Ба гуфтаи сардори шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Файзобод, шоми 24 май дар деҳаи Чилчашмаи ин ноҳия бар асари бориши борон ва жола ярч фаромад. Дар натиҷа зиёда аз 30 cap чорвои калон талаф ёфтааст.

Барои баргузор намудани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ гурӯҳҳои фаврӣ, неру ва воситаҳои Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода дар маҳалҳо ба макони ҳодисаҳо сафарбар шуданд.

Айни замон корҳои тозакунии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз лойқа ҷараён доранд. Зарари расида аз офати табиӣ муайян карда мешавад.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ё нохуш ба телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.