Аз оғози соли равон дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 47 нафар, аз ҷумла 26 ноболиғу наврасони синни то 16-сола ғарқ шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, сабаби асосӣ - риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ дар об ва беназорат гузоштани кӯдакон аз ҷониби калонсолон аст.
“Танҳо дар рӯзҳои истироҳати гузашта 4 нафар кӯдакон ғарқ шуданд, ки хурдтаринашон 7 сол дошт. Ҳамаи онҳо назди кӯлу дарё ва обанборҳо аз ҷониби калонсолон беназорат гузошта шуда буданд”, - омадааст дар хабар.
Ба ин тариқ, рӯзи 3 июн дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи манъшуда дар канали Ҳулбук сокинони 11 ва 12-солаи ноҳияи Восеъ ғарқ шуданд. Ҷасадҳои онҳо рӯзи дигар дарёфт шуданд.
Ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ рух дод - духтарчаи 7-солаи сокини деҳаи Навбунёд бародари 5-солаи худро наҷот доданӣ шуда, ба канал медарояд ва дар натиҷа ба қубур афтода, дигар аз он халос шуда наметавонад ва ғарқ мешавад. Писарчаро сокинони маҳаллӣ наҷот медиҳанд, лекин наҷоти духтарча муяссар намегардад.
Ҷасади духтарча дарёфт ва ба наздикону пайвандонаш супурда шудааст.
Ҳодисаи сеюм дар қаламрави ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рух додааст.
Субҳи рӯзи 4 июн сокини 12-солаи деҳаи Нури Вахш ҳангоми чаронидани чорво дар дарё оббозӣ карданӣ шуда, лекин ғарқ мешавад. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ идома дорад.
Дар робита ба гармои қарибулвуқӯъ ва хошиши оббозӣ кардани аксари мардум, Кумита бори дигар аз аҳолӣ дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатариро риоя намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд.