Марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода ба гумони даст доштан дар куштани домодаш боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

“Мард ба барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шуд, гумонбар дониста мешавад. Муноқиша байни мардон шоми 10 июн рух дода, домоди 51-сола ба хонаи гумонбаршуда меояд, то ки ҳамсарашро ба хона баргардонад”, - хабар медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол,  домод нисбат ҳамсар ва хусураш суханҳои қабеҳ гуфта, онҳоро дашному ҳақорат медиҳад.

“Аз ин кори домод хусураш ба ғазаб омада, бо каланд ба сари домодаш зарба мезанад, - зикр мешавад дар хабар. - Дар натиҷа домод ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, дар бемористон ҳалок шудааст. Тафтишот идома дорад”.

Дар бораи сабаби рух додани муноқиша байни хусуру домод ва чаро дар хонаи падараш қарор доштани ҳамсари мард хабар дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.