Шоми дирӯз, 22-юми июн дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Тавре ки Раёсти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, барои пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт 125-нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150-нафар, 16-адад нақлиёти оташнишонӣ ва 18-адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд. Талафоти ҷонӣ нест.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, сӯхтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд.
Гуфта мешавад, тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда хоҳад шуд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста