Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, як ҷавони 18-солаи сокини пойтахт  рӯзи 27 июн ҳангоми аз соҳил ба соҳили дигар гузаштан дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.

“Шоми 27 июн дар ин бора ба шуъбаи навбатдории Кумита хабар расид. Маълум шуд, ки ҷавон ҳангоми аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштан тариқи бетонпораҳои чоркунҷа ба об афтода, ҳалок шудааст”, - омадааст дар хабар.

Дар Кумита зикр мекунанд, ки бар асари гармо болоравии босуръати сатҳи об дар дарёҳои кишвар ба мушоҳида мерасад.

“Дарёи Душанбе низ истисно нест. Тавре ки таҳлили сатҳи оби дарёи Душанбе нишон медиҳад, айни замон он 100 м3/сонияро ташкил медиҳад”, - хабар доданд дар Кумита.

Гуфта мешавад, ҷасади ҷавон рӯзи 28 июн дарёфт шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки оббозӣ танҳо дар ҷойҳое, ки дар онҳо имдодагрону ғаввосон навбатдорӣ мекунанд, мумкин аст. Дар ин маводи мо чунин ҷойҳо муфассал зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон дар обҳои кишвар 63 нафар, аз ҷумла 35 нафар кӯдакону наврасони синни то 16-сола ғарқ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.