Тобистон фаро расид ва дар назар аст, ки гармои ҳаво то дар Тоҷикистон рӯзҳои наздик то 40 дараҷа расад. Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, оид ба маконҳое, ки дар он метавон ройгон ва бехатар оббозӣ кард, маълумот гирдоварӣ намояд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар Душанбе маконҳои ройгон ва бехтари оббозӣ хеле кам ҳам бошад, вуҷуд дорад.
“Кӯли ҷавонон”
Дар “Кӯли ҷавонон” қитъаҳое мушаххас гардидааст, ки дар он метавон ройгон оббозӣ кард. Дар баробари ин, иҷоза додҳа наешавад, ки дар дилхоҳ қитъаи ин кӯл оббозӣ намуд.
Ҷойҳое иҷозаи оббозӣ дода шудааст, ишора гардидаанд. Дар соҳили ин кӯл низ метавон ройгон зери офтоб хобид.
Наҷотдиҳандагон низ дар ин кӯл навбатдорӣ мекунанд.
Кӯлҳои Чорбоғ
Дар ин кӯл ҳам метавонед ройгон оббозӣ кунед. Кӯл ба бахшҳо ҷудо шудааст ва дар он кӯдакону калонсолон ба таври ҷудо оббозӣ карда метавонанд.
Бо ҳамин рӯйхати маконҳои ройгон барои оббозӣ анҷом ёфт.
Дар дигарҳо ҷойҳо – масалан, дар аквопаркҳои “Делфин”, “Обшорон” ва “Кӯли Душанбе” низ оббозӣ кардан бехатар аст, аммо онҳо пулакӣ мебошанд.
“Делфин” оббозиро барои кӯдакон аз 30 то 100 сомонӣ, барои калонсолон аз 50 то 170 сомонӣ муқаррар кардааст.
Нархҳо аз вақти сафар (саҳар ё нисфирӯзӣ), рӯзи ҳафта (занона, умумӣ ё истироҳатӣ), минтақа (минтақаи VIP гаронтар аст) ва вақти будубош вобаста аст.
Дар “Обшорон” чор соат оббозӣ барои кӯдакон 20 сомонӣ, калонсолон 40 сомонӣ муайян шудааст.
Дар “Кӯли Душанбе” нарх барои калонсолон вобаста ба вақти сафар ва рӯзи ҳафта аз 50 то 170 сомонӣ, барои кӯдакон аз 20 то 80 сомонӣ аст.
Дар пойтахт ҳавзҳои шиноварӣ низ мавҷуданд, ки дар бораи онҳо дар мақолаи оянда сӯҳбат хоҳем кард.
Манъ аст!
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, дар шаҳр ҷойҳое вуҷуд доранд, ки оббозӣ дар он ҷойҳо қатъиян мамнӯъ аст, вале мутаассифона, шаҳрвандон то ҳол ба онҷо мераванд ва ин боиси фоҷеа мешавад.
“Дар дарёи “Душанбинка”, канали Ҳисор ва обанбори ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба истилоҳ “Мехкарер” оббозӣ кардан манъ аст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Юсуфӣ, рейдҳои муштараки КҲФ дар ин маконҳои мамнӯъ фардо бо Вазорати корҳои дохилӣ оғоз мешаванд.
Қобили зикр аст, ки аз аввали сол 47 нафар дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд.
Дар ҳолати нохуш чӣ бояд кард?
Кумита бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш дар ҳавзҳои оббозӣ як қатор тавсияҳо пешниҳод мекунад.
- субҳ ё шом, вақте ки офтоб гарм аст, оббозӣ кардан беҳтар аст. Ҳарорати об бояд на камтар аз 20-22 дараҷа, ҳарорати ҳаво аз +25 дараҷа ва боло бошад.
- ҳангоми оббозии зиёд метавонад ҳолати рагкашӣ рух диҳад. Дар чунин ҳолат, нафаси чуқур кашед, бо сар ба об ғӯта зада, пойҳоятонро рост кунед ва ангуштони калонатонро бо дастонатон гирифта, ба сӯи худ сахт кашед. Баъд бо пушт хобида, бо дастон шино кунед ва ба соҳил бароед. Чун ин ҳолат метавонад такрор шавад.
- дар дохили об бозиҳои муҳорибавӣ накунед;
- дар болои матрасҳои дамкардашуда ё камераҳо шино накунед;
- дар ҳолати мастӣ ба об ворид нашавед.
Ин тобистон бо мо бимонед!