Дар се рӯзи охир 3 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро ба дарёву обанборҳо партофтаанд. Масъулин тавонистаанд, ки як нафарро наҷот диҳанд, ду нафари дигар ба ҳалокат расидаанд.
Диловар Ҳамдамов, масъули бахши матбуоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) дар вилояти Суғд дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади худкушӣ худро аз болои “Пул кӯҳна”-и шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир партофтааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи 19-уми июл рух дода ва ӯро кормандони ин ниҳод наҷот доданд.
“Наҷотдиҳандагон баъди расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ, ӯро ба беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Хуҷанд интиқол доданд. Вазъи саломатии ҷавон ҳоло хуб аст”, - гуфт масъули Раёсати КҲФ.
Сабаби аз болои пул худро ба дарё партофтани ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳқиқ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки рӯзи ҳодиса кормандони милитсия бо ҷавон ҳамсӯҳбат шуда, сабаби худкушиашро аз ӯ пурсидаанд. Аммо масъулин сабаби ба худкушӣ даст задани вайро ироа намекунанд.
Ҳамин тавр, рӯзҳои 17-19-уми июл як зани тахмин 35-сола ва як ҷавони 19-соли сокини ҷамоати Исфисор ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар дарёи Сир ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Бояд гуфт, ки ба гуфтаи масъулин, дар мавсими оббозӣ, яъне 1-уми июн то 21-уми июл 12 ҳолати дар дарёву кӯлу обанборҳо ғарқшавии сокинон ба қайд гирифта шудаааст.
Ёдовар мешавем, ки маҷмӯан дар давоми 6 моҳи соли равон 23 ҳолати ғақршавию ҳалокати сокинон дар обанборҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ба қайд гирифта шудааст. Масъулин тавонистаанд, ки то кунун 6 нафарро аз марг наҷот диҳанд.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста