Дирӯз, 23-юми июл, ҷавони 22-солаи сокини пойтахт бо мошини тамғаи “БМВ” зани 54-солаи роҳрӯбро пахш намуда, ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса тақрибан соати 5:10 дақиқаи субҳи рӯзи 23-юми июл, дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ, аз самти кӯчаи А.Деҳотӣ ба самти кӯчаи С.Шерозӣ рух додааст.
“Ронанда як корманди корхонаи коммуналии ноҳияи Фирдавсиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - менависад РВКД.
Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ муайян гардидааст, ки садамаи мазкурро Умарҷон Раҷабови 22-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, рақамҳои қайди давлатиаш 19 67 RT 01, сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Гуфта мешавад, номбурда баъд аз садамаи нақлиётӣ бо мақсади озод шудан аз ҷавобгарӣ воситаи нақлиёти худро ба кӯчаи Қаҳҳоров бурда пинҳон кардааст.
Айни замон вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ронанда Умарҷон Раҷабов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста