Кӯҳнавардон аз Британияи Кабир, ки рӯзи 20 июл аз кӯҳ дар қаламрави ноҳияи Шуғнон сарозер шуда буданд, ба деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон оварда шудаанд. Онҳо ҷароҳат бардошта ба кумак ниёз доранд, хабар дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи нохуш бо кӯҳнавардони бритониёӣ дар қаламрави ноҳияи Шуғнони ВМКБ рух дод.

Ду нафар шаҳрвандони Британияи Кабир Майкл Алан Фоуйлери 67-сола ва Симон Андрев Ятеси 60-сола бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави деҳаи Патхори ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале ба сабабе сарозер шудаву сахт осеб дидаанд.

Онҳо тариқи телефони моҳвораӣ огоҳии SOS фиристоданд. Тибқи дастури раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳгардони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд.

“Рӯзи 22 июл онҳо бо ёрии занбарҳо Майкл Алан Фоуйлерро дар деҳаи Девлохи ноҳияи Рӯшон оварданд. Симон Андрев Ятес шояд аз сутунмӯрааш ҷароҳат гирифта, бо ин сабаб имдодгарон дар баландии 4184 м назди қуллаи Патхор бо ӯ монданд. Ба ӯ аллакай ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, айни замон поинфароӣ идома дорад. Пас аз ин тариқи чархбол ба Душанбе интиқол додани сайёҳони бритониёӣ дар назар аст”, - иброз дошт Умеда Юсуфӣ.

Сухангӯи КҲФ ҳамчунин иттилоъ дод, ки як гурӯҳи иборат аз 5 нафар кӯҳнавардони Русия барои фатҳи қулла ба Поймазори ноҳияи Ванҷи ВМКБ омадаанд.

“Ҳангоми ба кӯҳ баромадан яке аз кӯҳнавардон - Герман Яртсев аз эҳтимоли хуруҷи пневмония шикоят кард. Пас аз ин роҳбари гурӯҳ Яна Уляничева барои кумак ба КҲФ муроҷиат кард.

Рӯзи 24 июл ҳамаи панҷ нафар бо чархболи КДАМ ҶТ ба Душанбе интиқол дода шуда, Яртсев дар беморхонаи “Истиқлол” барои муолиҷа бистарӣ шуд”, - зикр карданд дар маркази матбуоти КҲФ.

Яке аз кӯҳнавардон дар мошини "Ёрии таъҷилӣ"
Сурат: КҲФ

Умеда Юсуфӣ бори дигар аз ширкатҳои сайёҳӣ боисрор дархост намуд, ки хатсайрҳо, бахусус хатсайрҳои ба баландкӯҳи сайёҳон ва кӯҳнавардонро дар Кумита ба қайд гузоранд.

Кӯҳнаварди Русияро ба беморхонаи "Истиқлол" оварданд
Сурат: КҲФ

“Аз сайёҳон хоҳиш мекунем, ки таҷҳизоти махсус, маҳсулоти хӯрокворӣ, об, маводи доруворӣ, дастгоҳҳои фонус (маяк) ва телефнҳои моҳвораӣ бо худ дошта бошанд”, - таъкид дошт Юсуфӣ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 19 ва 20-уми июл се кӯҳнаварди хориҷӣ, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш ва ВМКБ сайр мекарданд, аз кӯҳ сарозер шуда афтидаанд. Рӯзи 21 июл баъди роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, ки муддати ду шабонарӯз идома дошт, имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои кӯҳгарди осебдидаи Беларусро ба шаҳри Душанбе оварданд. Дар фурӯдгоҳи Айнӣ кӯҳгардро духтурони беморхонаи КҲФ ва мошини Ёрии таъҷилӣ вохӯрданд ва ӯро ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.