Додситонии вилояти Хатлон маводҳои вобаста ба садамаи нақлиётии дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рухдодаро, ки боиси марги шаш нафар гардид, талаб карда, таҳқиқи ҳодисаро ба зимма гирифтааст.
Валӣ Ваҳҳобов, муовини додситони вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 26-уми июл баргузор шуд, дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки “ҳодисаро айни замон прокуратураи вилоят таҳқиқ дорад”.
“Муфатишон баёноти шоҳидон, сабти камераҳои назоратии яке аз мағозаҳоро дастрас кардаанд. Ҳамаи паҳлӯҳои ин ҳодиса омӯхта шуда, дар асоси далелҳо қарори қонунӣ қабул карда мешавад”, - гуфт Валӣ Ваҳҳобов.
Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти садами мазкур худдорӣ кард ва нагуфт, ки омили аслии он чӣ аст.
Садмаи мазкур рӯзи 21 июл рух дода, дар натиҷаи он 6 нафар ҷон бохтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА рух додааст, нашр шуд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз миёни сокинони маҳаллӣ навиштааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд чаппа шудааст”.
Бо гузашти 5 рӯз аз садама, мақомоти расмӣ, аз ҷумла ВКД то ҳол онро расман шарҳ надодаанд. Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани иттилоъ аз ниҳодҳои расмӣ бесамар буд.
Ҳоло танҳо маълум аст, ки аз шаш нафари ҷонбохта, 4 нафари онҳо, бо шумули як кӯдак пайдо шудаву ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигара идома дорад.




“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста