Кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи 21 август ҷасади 2 нафари дар обҳо ғарқшударо дарёфт ва берун гирифтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ҳалокшудагон - сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалободи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент мебошанд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар обҳои кишвар қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз имдодгарон ба кӯчаи Муҳамммадиев 22-и пойтахт рафта, хатари марбут ба афтодани дарахтро, ки метавонист ба трансформатор осеб расонад, бартараф карданд.
Ҳамчунин рӯзи душанбе имдодгарон ба дархости яке аз сокинони пойтахт расидагӣ карда, як гурбаеро, ки дар симу қубурҳои таҳхонаи яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе дармонда буд, раҳо карданд.
Ғайр аз ин, шаби гузашта имдодгарони Кумита дар минтақаи Зарафшон ронандаеро, ки автомашинааш дар роҳи Душанбе - Хуҷанд чаппа шуда буд, аз дохили мошин берун оварданд. Ронанда ба бемористон бурда шуд.