Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар вилояти Тамбови Русия ду муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 3 зодаи Тоҷикистон бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор кардааст.

Ин ниҳод гуфта, ки ҳодиса ду рӯз пеш, 22-юми август дар  ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия рух додаст.

“Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр  ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад”, - омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Қаблан, расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мичурин, дар деҳаи Кочетовка, дар шоҳроҳи Р-22 "Каспий", километри 383-юм 4 нафар ба ҳалокат расида 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешуд, ки мошини тамғаи “Приора” ба самти муқобил буромада, ба мошини тамғаи “Грант” бархӯрдааст.

Ҳарду ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар дар мошини ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расиданд. Чаҳор нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.