Дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотиии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад ва мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба оилаи ҳалокшудагон ҳамдардӣ изҳор кард.
Манбаъ менависад, дирӯз, бар асари рух додани офати табиӣ 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.
“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд”,-менависад Хадамоти матбуоти президент.
Эмомалӣ Раҳмон ба Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 27-уми август боришоти борони шадид дар кишвар рух дод, ки дар натиҷа хисороти молӣ дар пай дорад.
Боришти борон ба роҳҳои аҳамияти байналмиалидошта ва маҳҳалӣ зарарр расонид. Аз ҷумла, ҳавои номусоид дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, ки аз ҷониби ширкати “IRS” нигоҳдорӣ мешавад, боиси обхезӣ, ярч ва сангрезиҳо гардид.
Бино ба иттилои филиали ин ширкат, харобшавӣ асосан дар минтақаи Варзоб ба қайд гирифта шудааст.
Дирӯз ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ қатъ карда шуда буд.
Ин ширкат иддао дорад, ки кормандонаш тамоми имконро анҷом додаанд, то ронандагон ва мусофиронро ба ҷойҳои амн эвакуатсия кунанд.
Дар бораи хисороти молии боришоти дирӯза маълумот дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳавошиносон аз 27-28 август дар бораи ҳавои ноустувор ҳушдор дода буданд.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста