Дар Тоҷикистон давоми 8 соати охир ду заминларза ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизика Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, соати 00:54 дақиқаи рӯзи 13-уми ноябр дар 215 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар 15 километрии шимолу шарқи Тоҷикобод заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4 дараҷа ва дар ноҳияи Тоҷикобод 3 дараҷаро ташкил додааст.
Инчунин, соати 8:34 дақиқаи имрӯз дар 20 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуи ноҳияи Варзоб заминларзаи шиддаташ 4,6 дараҷа ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ менависад, ки манбаи заминларза дар умқи 10 километр будааст.
Дар пайи ин заминларзаҳо талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Нашрияи “Овози Самарқанд” иттилоъ медиҳад, ки шиддати заминларзаи дуввум дар баъзе минтақаҳои Ӯзбекистон ҳам эҳсос гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар чанд муддати охир дар Осиёи Марказӣ зиёд заминларза ба қайд гирифта мешавад.
Ахиран дар як заминларҳа дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 8 деҳа қариб пурра хароб гардида, садҳо қурбонӣ ба ҷой гузошт.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста