Шаби 7 ба 8-уми декабр се узви як хонавода, модари 42-сола ва 2 духтари 21 ва 3-солааш бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҳалок шуданд.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор дар маҳаллаи "Хуҷамбиёи поён"-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рух додааст.
Гуфта мешавад, бухорие, ки ҷойи дудбарояш пӯшида аст, манбаи ихроҷи гази карбон мешавад ва ба заҳролудшавӣ мерасонад.

“Соҳибони бухорӣ бо бовари он, ки сӯзишвории он комилан сӯхтааст, барои сарфаи гармӣ дудбароро мебанданд. Ангиштҳои сӯзонда бо нарасидани ҳаво оксиди карбонро ба вуҷуд меоранд ё худ дуд карда, хонаро пахш мекунанд”, - менависад манбаъ.
Ҷиҳати фавти модар ва ду фарзандаш Кумита ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори тасаллият намуда, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат карда, онҳоро аз пешгирии хатар ҳушдор медиҳад.
Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад.
Дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудбароиро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста