Аҳмадҷон Абдуллозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар пайи як садами нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, додрас рӯзи 20-уми декабри соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон садама кардааст. Ҳодиса тахминан соати 18:00 дақиқа рух дода, пас аз 40 дақиқаи рух додани садама ӯ ба беморхона расонида шудааст.
Муҳаммад Бердиев, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин нашрия гуфтааст, Аҳмадҷон Абдуллозода осеби ҷиддӣ бардошта буд.
“Маҷрӯҳро аввал ба беморхонаи шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон бурда, баъдан ба Беморхонаи марказии ноҳияи мо интиқол доданд. Вазъи саломатии Абдуллозода бениҳоят бад буд. Ҳангоми садама сутунмӯрааш аз қисмати гардан шикаста буд”, - гуфтааст Бердиев.
Муовини сардухтур афзудааст, ки марҳум то лаҳзаи охирин зери таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт ва шаби гузашта, 4-уми январ, ба ҳалокат расид.
Ба иттилои “Фараж”, ҳини садама ҳамроҳ бо марҳум Абдуллозода, котиби Додгоҳи ноҳияи Панҷ Шералӣ Имоммирзоев ҳузур доштааст. Муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки вазъи саломатии котиби додгоҳ хуб арзёбӣ мешуд ва пас аз муоина ӯро аз беморхона рухсат доданд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ менависад, барои фаҳмидани ҷузъиёти садама бо котиб Имоммирзоев ба тамос баромада натавонистаанд: “Ӯ ба зангҳои мо ҷавоб надод”.
“Замони садамаи нақлиётӣ котиби Додгоҳ Шералӣ Имоммирзоев пушти чамбарак ва додрас Аҳмадҷон Абдуллозода дар нишастгоҳи қафои худрав қарор доштаанд. Мошини онҳо, пас аз зарбаи сахт аз пушт, мувозинатро гум карда, чанд маротиба ба монеаҳои тарафи чапу рости роҳ бархӯрдааст. Маҷрӯҳонро ҳам гӯё ронандаи иштирокчии садама ба беморхона расонидааст”, - бо такя ба манобеи дигар навиштааст “Фараж”.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ соли 2018 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин карда шудааст.
Қаблан Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ додраси Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будааст.
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Муҳаммад Алимаҳмадзода: Нерӯи барқ гарон шуд – нерӯдиҳии электромобилҳо низ гарон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2025
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста