Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон рӯзи 27 март ҳодисаи нохуш рух дод: духтарчаи 4-сола дар наҳр (канал)-и маҳаллӣ ғарқ шудааст.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, духтарча сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа буда, бар асари аз ҷониби волидон бе назорат гузоштан ҳалок шудааст.
Гуфта мешавад, пас аз гирифтани хабар дар бораи ин ҳодисаи нохуш имдодгарон фавран ба ҷустуҷӯи духтарча оғоз мекунанд.
“Рӯзи 28 март дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯ ҷасади духтарча 550 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт ва ба пайвандонаш дода шуд”, - омадааст дар хабар.
Кумита зикр мекунад, ки сабаби аслии дар обҳои кишвар ғарқ шудани кӯдакон бе назорат гузоштани онҳо аз ҷониби волидонашон аст.
Дар ин робита Кумита ба волидон муроиҷиат намуда, аз онҳо дархост кардааст, ки кӯдаконро доимо зери назорат дошта бошанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, соли гузашта дар дарёву кӯл ва дигар обанборҳои Тоҷикистон 184 нафар ғарқ шудаанд.