Як зан дар вилояти Суғд ҳангоми таваллуди фарзанд дар таваллудхонаи вилоятӣ фавтидааст. Дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд хабари фавти фарзанд ва кӯдакро тасдиқ карданд, аммо аз пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ карданд.
Тибқи иттилои дастрасгардида, ин зан Мадинабону Узоқоваи 41-сола, сокини шаҳри Истаравшан аст, ки барои таваллуди фарзанди сеюми худ ба таваллудхонаи вилоятӣ рафтааст.
“Ӯ ҳангоми таваллуд, 12-уми апрел, фавтидааст. Кӯдакашро ҳам наҷот дода нашудааст”, - гуфт як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Суғд.
Аммо ӯ сабаби марги зан ва кӯдаки ӯро шарҳ надод. Дар ин раёсат гуфтанд, ки пас аз тафтишот сабаби марги зану фарзанд маълум карда мешавад.
Пайвандони зани фавтида ҳам дар бораи сабаби марги Мадинабону Узоқова шарҳе надодаанд.
Наим Назриев, раиси деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан, зодгоҳи Мадинабону, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади занро 13-уми апрел дар зодгоҳаш ба хъок супоридаанд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин ҳам номи ин таваллудхона бо сабаби фавти модар ва кӯдак дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд. Аз ҷумла, соли 2023 дар ин таваллудхона Дилфуза Қаюмова, сокини 38-солаи шаҳри Истаравшан ҳам ҳангоми таваллуд фавтида буд.
Ҳамин сол як сокини 34-солаи ноҳияи Зафаробод ҳам баъди чор ҷарроҳӣ ва 70 рӯзи бистарӣ дар шӯъбаи эҳё, дар ин таваллудхона ҷон бохта буд.
Пештар аз ин дар ин таваллудхона шашгоники таваллудшуда ҳам фавтида буд, ки боиси барканории роҳбар ва муҷозоти чанд корманди он гардида буд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста