Дар шаҳри Душанбе М.Ҳ.-и сездаҳсола аз ошёнаи 16-уми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Сино худро ба зер партофта, даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади наврас рӯзи 21-уми апрел бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст. Тибқи маълумоти РВКД Душанбе ва таҳлили сабтҳои видеоии дурбинҳои назоратӣ, марги наврас худкушӣ будааст.

“Тафтишот ва камераҳои назоратӣ нишон дод, ки ноболиғ худро аз ошёнаи 16-ум ба замин партофта, даст ба худкушӣ задааст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Пулиси пойтахт ба далели он ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад, аз шарҳи бештар дар ин бора худдорӣ кард.

М.Ҳ. хонандаи синфи 7-уми мактаби миёнаи рақами 78-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар микрорайони 65-и ноҳияи Фирдавсӣ буд.

Як манбаъ аз ин мактаб, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки Масрур хонандаи ором ва фаъол буда, бо омӯзгорону ҳамсинфон ҳеҷ мушкиле надошт.

“Ӯ бачаи хеле ором ва шогирди фаъол буд. Мо ҳеҷ гоҳ бо ӯ мушкил надоштем ва ҳоло ҳама омӯзгорон дар ҳолати шок ҳастанд ва сабабҳои ин ҳодисаро фаҳмидан мехоҳанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Раёсати ВКД дар Душанбе низ  паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ, ки бе сабабҳои узрнок нашр шудаанд, беасос номид.

Пас аз санҷиш муайян шудааст, ки ин маълумот тавассути мессенҷери WhatsApp аз ҷониби як гурӯҳи шаҳрвандон Х. А. ва Ф. Б. байни хешовандон ва волидони хонандагони мактабҳо паҳн гардида, сару садоҳои зиёде ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои интернет нисбат ба ин шахсон тибқи талаботи моддаи 374-и замимаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Тибқи ин модда барои шахсони воқеӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҳоло 1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.