Шабонарӯзи гузашта дар минтақаи шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ бар асари боришоти пуршиддат ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Хуҷанд - Истиқлол, дар наздикии корхонаи “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент” 4 ҳолати фаромадани сел ва сангреза ба қайд гирифта шуда, бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз соати 15:05 дақиқа бар асари боришот сел омада, ба шусташавии садди муҳофизатӣ дар деҳаи Қурғонча боис гардидааст.
Пас аз 5 дақиқа, соати 15:10 маҷрои сел қаламрави шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳро фаро гирифта, ба заминҳои кишт ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зарар расонид.
Соати 16:10 дақиқа боришоти пуршиддат ба омадани сел дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон боис гардида, 22 иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.
Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фвақулода дар ҷойҳои ҳодиса машғули кор буда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мекунанд, ки дар натиҷаи селфароӣ ва сангреза талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.