Бар асари ду садамаи нақлиёти марговар дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи 2 июл дар километри 50-уми роҳи Душанбе-Варзоб-Хуҷанд автомашинаи «Daewoo Nexia» (рақами давлатиаш 40Н174 GB uz), ки аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекард, бо автомашинаи боркаши КамАЗ бармехӯрад.
“Дар натиҷа ронанда ва 2 мусофири мошини сабукрав (2 марду 1 зан), ки ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд, - хабар медиҳад КҲФ-и ҷумҳурӣ. - Шахсияти ронанда маълум шуд - Бойгитов Нурмаҳмад, соли таваллудаш 1964, сокини вилояти Фарғона. Барои муайян кардани шахсияти ҳалокшудагони дигар Кумита ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя муроҷиат кард”.
Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.
“Нимаи дуюми рӯз дар роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар наздикии деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ сокини 32-солаи ин деҳа ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳия аз уҳдаи идораи автомашинаи «Musso» набаромада, дар натиҷа мошин ба ҷарии 450-метра сарозер меравад”, - хабар медиҳад Кумита.
Ба иттилои манбаъ, ронанда ва мусофирони мошин - ҳамсар ва 3 фарзанди 2, 5 ва 7-солаи ин оила дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тайи рӯзҳои ахир ин дуюмин ҳодисаи садамаи нақлиёт бо қурбонии зиёд аст. Рӯзи 27 июн дар канори шаҳри Кӯлоб бар асари садамаи нақлиёт 7 нафар сокинони ноҳияи Муъминобод ҳалок шуданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2025
“Дар оянда бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”. Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Ҳошим Гадо 88-сола шуд
Робот ва ҳуши маснӯӣ дар хидмати ҳоҷиён. Имсол Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ чӣ навоварӣ кард?
Абдулмаҷид Достиев - ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён
Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад
Сокинон худро аз хокбориш чӣ гуна ҳифз мекунанд?
Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста