Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба заҳролушавии 7 нафар дар ноҳияи Восеъ хӯришҳо (салатҳо)-и консервшуда сабаб шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорат хабар доданд, ҳамаи заҳролудшудагон - 6 кӯдак ва 1 шахси калонсол (қаблан дар бораи 7 нафар кӯдакон хабар дода шуда буд, - эзоҳи идора) аъзои як оила нестанд.
“Ҳамаи онҳо ҳамсоя буда, якҷоя хӯрок хӯрдаанд, ки ба заҳролушавӣ оварда расонидааст. Айни замон ҷабрдидагони дигар, ки дар беморхона қарор доранд, худро хуб ҳис мекунанд”, - иброз дошт манбаъ.
Манбаъ дар бораи маҳз чӣ гуна ва дар куҷо хӯрок хӯрдани заҳролушудагон маълумот надод.
Дар Вазорат ҳамчунин изҳор намуданд, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратура тафтишотро оғоз кардааст.
Ёдрас мекунем, ки бар асари заҳролудшавӣ 2 кӯдак ҳалок шуда, боз 5 нафари дигар бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуда буданд. Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи Баҳористони ноҳияи Восеъ мебошанд.
Як манбаъ аз хадамоти санитарӣ-эпидемиологии вилоят хабар дода буд, ки вақте писари 11-сола худро нотоб ҳис мекунад, рӯзи 12 июл ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ оварда мешавад.
Дар беморхона ба ӯ сӯзандору (капелнитса) гузаронида, сипас хешовандонаш ӯро ба хона бурдаанд. Аммо баъдтар вазъаш бадтар шуда, ӯро ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб мебаранд. Дар он ҷо табибон кӯшиш карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, аммо, мутаассифона, шаби 16-уми июл ӯ вафот кард.
Писарчаи 5-солаи дигар рӯзи 13 июл ба беморхона оварда шуда, наҷоти ӯ низ ба табибон муяссар нашуд.
Дар Тоҷикистон ҳарорати ғайримаъмулӣ гарм ва бадшавии сифати ҳаво дар назар аст
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста