Интиқоли об дар шаҳри Душанбе ба хотири ёфтани ҷасади духтарчае, ки моҳи октябри соли 2023 дар канали дериватсионӣ ғарқ шудааст, қатъ гаштааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба “Азия‑Плюс”, хабар доданд.
Як манбаъ аз ин Кумита иттилоъ дод, ки ба хотири баланд будани сатҳи об дар ин канал ҷасади духтарча то имрӯз пайдо нагардидааст. Аз ин лиҳоз маҷбур шудаанд, интиқоли обро қатъ карданд.
Аммо дар бораи шахсияти духтарчаи ғарҷшуда маълумот дода намешавад. Кӯшишҳои мо ҳам аз ниҳодҳои масъули давлатӣ барои маълум кардани ҳувияти шахси ғарқшуда бесамар анҷомид.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз КВД “Обу корези Душанбе” хабар дода буд, ки рӯзи 25-уми июл, аз соати 6:00 субҳ то 16:00-и бегоҳ интиқоли оби нӯшокӣ дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, интиқоли об бо фармони шаҳрдори Душанбе қатъ гардида, ҳадафи он “дарёфт намудани ҷасади шахси ғарқшуда ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Раёсати КҲФ шаҳри Душанбе гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ” мебошад.
Корҳои ҷустуҷӯӣ дар канали дериватсионии неругоҳи барқӣ – обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб идома дорад.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста