Дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари офтаҳои табиӣ дар Тоҷикистон 15 нафар ҳалок шуданд.
Дар ин бора имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Рустам Назарзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, 9 нафари онҳо дар натиҷаи омадани селҳо, 4 кас - аз зарбаи шарораи раъду барқ ва 2 нафар - аз фаромадани ярч ба ҳалокат расидаанд.
Раиси Кумита гуфт, ҳаҷми умумии зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дар ин давра 139 млн 663 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ мешавад.
“Ба сурати умум дар ин давра 532 ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 ҳолат зиёдтар аст”, - гуфт Назарзода.

Зикр шуд, ки давоми 6 моҳ бар асари офатҳои табиӣ ба 164 хона (ба 64-тои он пурра), 1863 иншооти ёрирасон, 6 бинои мактабу кӯдакистон, 66 пул (кӯпрук) ва 294,2 км роҳҳои мошингард зара расонида шудааст. Ҳамчунин ба маблағи 24 млн сомонӣ майдони 2498,59 гектар заминҳои кишт осеб диданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита зикр кард, ки айни замон бар асари офатҳои табиӣ (бо шумули офатҳои моҳи июл) дар кишвар 79 хона пурра ва 39 хона қисман тахриб шудаанд.
“Ҳукумати кишвар барои сохтмони 118 хона маблағ ҷудо карда, айни замон сохтмони онҳо ҷараён дорад. Барои 79 хонаи тахрибшуда таъминоти пурра бо лавозимоти рӯзгор ва мебел - “аз сӯзан то телевизору яхдон” пешбинӣ шудааст”, - иброз дошт Назарзода.
Раиси Кумита изҳор намуд, ки ҳозир дар Нуробод (22 хона), Сангвор (17 хона) ва Фархор (36 хона) хонаҳо сохта шуда истодаанд.
“Дар ноҳияи Айнӣ барои сохтмон қитъаи замин ҷудо шуд, - илов намуд Рустам Назарзода. - Сохтмон бояд ояндаи наздик баъди анҷоми расмиёти дахлдор оғоз гардад. Дар ноҳияи Айнӣ, ки дар натиҷаи офат 7 хона пурра ва 8 хона қисман тахриб шуданд, 17 хона сохта мешавад”.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста