Аз оғози сол дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду ҳолат бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Тавре ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, миёни ҳалокшудагон синни 8 нафарашон то 4-сола, 9 кас - аз 5 то 10-сола, 23 нафар - аз 11 то 16-сола, 28 кас - аз 17 то 35-сола ва 8 нафар - синни аз 35-сола болотар мебошанд.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки аз теъдоди умумии ғарқшудагон 26 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Ба иттилои Кумита, дар 25%-и ҳолатҳо одамон бо сабаби беэҳтиётӣ ва дар 19%-и ҳолатҳо - дар робита ба риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо ҳалок шудаанд.
Дар 12%-и ҳолатҳо сабабҳои ғарқшавӣ номаълум буда, дар 9%-и ҳолатҳо одамон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ғарқ шудаанд, 9%-и ҳолатҳо ба фориғболиву хунукназарии волидон, 5% - дар робита ба худкушӣ даст задан ва 2% - дар натиҷаи мастӣ аз машрубот марбутанд.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста