Субҳи имрӯз, 10-уми сентбяр, пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Маскав парвоз ва фуруди ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково ва Жуковский ба таъхир афтод.
Бар асари ин ҳодиса парвозҳо аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон низ аз ин фурудгоҳҳо ба вақти дигар гузошта шудаанд ва маълум нест, ки кай анҷом мешаванд.
Тибқи маълумоти дар тоблои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интишоргардида, парвоз аз Маскав, ки бояд соати 9:10 ба Душанбе мерасид, ба таъхир афтодааст. Парвозро ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” анҷом медод.
Ҳамчунин, тибқи иттилои дар тоблои фурудгоҳҳи Русия нашршуда, чандин рейс ба таъхир афтода ва мушаххас нест, ки ба онҳо кай иҷозаи парвоз дода мешавад.
Ҳамзамон, субҳи имрӯз расонаҳои русӣ навиштанд, ки фурудгоҳҳои Москва — Жуковский, Внуково ва Домодедово — барои нишасту парвози ҳавопаймоҳо бо сабаби ҳамлаҳои бесарнишинҳо баста шудаанд.
Зимнан, “BBC” бо такя ба Росавиатсия навиштааст, ки фурудгоҳҳои “Внуково”, “Домодедово” ва “Жуковский” пас аз маҳдудиятҳо кори худро аз нав оғоз карданд.
“Бо сабаби ҳамлаҳои бесарнишин ба вилояти Москва маҳдудиятҳои муваққатӣ дар қабули ва фиристодани ҳавопаймоҳо аз соати 1:30 ба вақти Москва ҷорӣ шуда буданд. Мувофиқи маълумоти “Росавиатсия”, ин маҳдудиятҳо тахминан соати 8:00 субҳ ба вақти Москва лағв карда шуданд”, - навиштааст ин расона.
Тибқи маълумоти дар тоблои фурудгоҳи байналмилалии Душанбе интишоргардида, имрӯз дар Душанбе парвозҳои зерин дар назар дошта шудааст:
- Соати 16:55 бояд ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский (Москва-Душанбе) бирасад.
- Соати 17:50 ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз фурудгоҳи Внуково интизор аст.
- Соати 18:20 ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Жуковский мерасад.
- Соати 19:15 ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз фурудгоҳи Екатеринбург бояд расад.
Ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки оё ин парвозҳо тибқи ҷадвал сурат мегиранд ё не.
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста